Тоҷикистон ва Туркия мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ доир ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Туркия дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиаи фалокатбори заминларза, ки 6 феврал дар ин давлат рух дод, изҳори ҳамдардиву таслияти амиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия аз рӯзҳои аввал соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, робитаҳои дӯстонаро барқарор ва ҳамкориро густариш додааст.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






