««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Ховалинг сафи довталабон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ хеле зиёд шудааст

Февраль 23, 2023 08:29

ХОВАЛИНГ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли охир сокинони ноҳияи Ховалинг дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои иштироки бештари сокинон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои довталабон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Олимхуҷа Олимов иттилоъ дод, ки “мақсад аз гузаронидани озмунҳо- баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, инчунин ҳавасманд гардонидан нисбат ба омӯзиши илму маърифат ва ҷалби онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ мебошад. Имсол дар баробари хонандагон дар ин озмунҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг низ фаъолона иштирок менамоянд”.

Сафи довталабон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» хеле зиёд аст, зеро аз ҷониби Президенти мамлакат ба ҳар оилаи мамлакат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид. Дастрасӣ ба ин асари таърихӣ имконияти иштирокро дар озмун фарохтар менамояд.

Гуфта шуд, ки аз ҳисоби мутахассисон ва фаъолони ноҳия комиссияҳо ташкил карда шуда, масъулин баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2023 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад