««ТОҶИКОН»–ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии озмун оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.
Зимнан таъкид гардид, ки озмун аввал дар факултетҳо гузаронида шуд, ки дар он 1423 нафар иштирок карда, 158 довталаби арзанда бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони факултетҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Ғолибони ин давр ба даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд.
Иштирокдорони даври умумидонишгоҳии озмун бо тартиби донишҷӯён, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм (ба истиснои омӯзгорони фанни таърих) гурӯҳбандӣ карда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.
Ғолибони озмун аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номинатсия соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор сомонӣ гардида, Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Моҳи феврали соли равон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон оғоз гардид.
Озмуни мазкур дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон масоили рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва андозбандӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






