Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 1,9 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ба Тоҷикистон нисбат ба соли 2021 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид карда шудааст. Дар робита ба ин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имзо гардидани беш аз сад санади ҳамкорӣ дар соли гузашта ба маблағи умумии 32 миллиард сомонӣ иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гуфт, ки санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, ки бо доираҳои сармоягузорию тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, назири Миср, Белгия, Чин, Туркия, Узбекистон, Корея, Русия, Беларус, Амрико, Арабистони Саудӣ ва форумҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон баргузор карда шуданд, ба мувофиқа расонида шуданд.
Бо дахли сармоягузории давлатӣ Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар ин давра 72 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, азхудкунии маблағҳо 5,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии афзалиятнок дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ муодили 717,2 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки 93 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






