10 нафар зан соҳиби рутбаи полковники Хадамоти гумрук мебошад

Март 8, 2023 14:03

ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 8 март таҷлил мегардад, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники Хадамоти гумрук Парвина Муллоева суҳбат анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

АМИТ  «Ховар»: Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   нақш ва мақоми  занон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа  баланд гардид. Саҳми занонро дар рушди мақомоти гумрук чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Парвина Муллоева: Воқеан, Истиқлоли давлатӣ, ки барои миллати тоҷик неъмати бузург аст, ҷиҳати пешрафту фаъол гардидани занону духтарони тоҷик дар ҷомеа ҷодаи фарохеро боз намуд. Таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои  давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»  барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа заминаи мусоид  фароҳам овард. Зарфи ду соли охир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ду санади муҳим -«Стратегияи  фаъолгардонии нақши  занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоби кадрҳо ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030» таҳия ва қабул гардид, ки ҳадафи ин санадҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои занон дар соҳаҳои афзалиятноки  иқтисодиёти мамлакат мебошадИн аст, ки бо қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ  сафи занон дар  сохторҳои қудратӣ аз ҷумла, мақомоти гумрук афзоиш ёфт. Агар дар солҳои 2000 дар мақомоти гумрук 50 нафар зан фаъолият менамуд, имрӯз теъдоди онҳо ба 140 нафар  мерасад, ки аз ин омор 13 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, 10 нафар соҳиби рутбаи полковники Хадамоти гумрук мебошад. Умед аст, ки дар оянда занон-кормандони  мақомоти гумрук ба рутбаи зан-генерали мақомоти гумрук мушарраф хоҳад гардид.

АМИТ «Ховар»: Фаъолият дар мақомоти гумрук аз Зан-Модар кадом  хислатҳоро тақозо менамояд?  

Парвина Муллоева: Фаъолият дар дилхоҳ соҳа, аз ҷумла мақомоти гумрук аз зан,   қабл аз ҳама,  дасту дилу пок, ростқавлӣ, поктинатӣ, самимият, хушмуомилагӣ, масъулиятшиносӣ, доштани донишҳои замонавӣ ва касбият талаб менамояд. Чун занону духтароне, ки имрӯз дар мақомоти гумрук фаъолият доранд, қисми бештари онҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, дар дидбонгоҳҳои гумрукии фурудгоҳҳои байналмилалӣ, ки   дарвозаи давлатамон маҳсуб мешаванд ва муаррифи симои миллату давлат аст, хизмат доранд. Фаъолият дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ки бештар сайёҳону меҳмонони хориҷӣ тавассути он вориди мамлакатмон мегарданд, аз занон-кормандони  мақомоти гумрук рафтору гуфтори нек  ва одоби хуби  тоҷиконаро тақозо менамояд.

АМИТ  «Ховар»: Барои баланд бардоштани касбияти занон дар мақомоти гумрук кадом корҳо анҷом дода мешаванд? 

Парвина Муллоева: Роҳбарияти мақомоти гумрук пайваста бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони мақомот, бахусус занону духтарон, мукаммал намудани донишҳои онҳо, сатҳи забондонӣ, ки  дар дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳадӣ фаъолият менамоянд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат ва шарикони рушд машғулият ва давраҳои омӯзишӣ, курси забономӯзӣ ва дигар тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги муоширати кормандон, хусусан занону духтарон роҳандозӣ ва амалӣ менамояд. Бо хушмуомилагӣ, одобу рафтори хуби тоҷикона ва фарҳанги баланди муошират занону духтароне, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукии гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд, муаррифи фарҳанги баланди миллати тоҷик ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи забондонии занону духтарон танҳо соли гузашта  ду давраи забономӯзӣ- омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои  30 нафар корманди мақомоти гумрук, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ хизмат менамоянд, ташкил гардид.

АМИТ  «Ховар»: Барои зан фаъолият дар мақомоти қудратӣ мушкил нест? 

Парвина Муллоева: Албатта, фаъолият дар мақомоти гумрук, ки сохтори қудратист,  барои зан-модар осон буда наметавонад. Фаъолият дар ин соҳа аз зан устуворӣ, ҷасорат ва масъулият тақозо менамояд. Заноне, ки имрӯз дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ фаъолият доранд, дар радифи иҷрои рисолати –зан-модар, инчунин тарбияи фарзандон, рӯбучини хона, шустшӯй, омода намудани хӯрок  ва дигар корҳои хоҷагӣ ба дӯши онҳо  вогузор аст. Новобаста ба ин имрӯз занону духтарон дар  дидбонгоҳҳои гумрукӣ ҳангоми навбатдорӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд ва барои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат, таъмини субот ва пешрафти ҷомеа сарбаландона саҳми муносиб мегузоранд. Ин бозгӯи иродаи қавӣ доштани занон, устуворӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо ба миллату ватан аст.

АМИТ «Ховар»: Чун ба ҳайси муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии  Хадамоти гумрук фаъолият доред, лутфан бигӯед, ки ҳангоми  қабули занону дахтарон  ба мақомоти гумрук  ба чӣ бештар афзалият дода мешавад? 

Парвина Муллоева: Довталабоне, ки барои ба кор қабул шудан ба Хадамоти гумрук ҳуҷҷат месупоранд, аз онҳо тест ва диктант гирифта мешавад, инчунин аз суҳбат мегузаранд.  Ҳангоми ба кор қабул намудани занону духтарон ба кор дар мақомоти гумрук, пеш аз ҳама, одобу рафтори намунавӣ, маълумоти олӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ ва касбияти баланди онҳо  ба эътибор гирифта мешавад.     

АМИТ «Ховар»: Саҳми бонувони тоҷикро дар риоя ва татбиқи яке аз қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» чӣ гуна  арзёбӣ менамоед?

Парвина Муллоева: Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ»  қонуни муҳим ва саривақтӣ мебошад, ки дар ғанӣ гардонидани буҷети хонаводаҳо,  баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавияти ҷомеаи Тоҷикистон  саҳми бориз мегузорад. Ба андешаи ман, дар амалигаронии ин қонуни миллӣ бояд, пеш аз ҳама, занон  нақши муассир гузоранд. Зеро занонро дар зиндагӣ на танҳо олиҳаи ҳусну зебоӣ, балки ба ҳайси шахси дар рӯзгор оқилу чашмикордон ва сарфаю сариштакор эътироф намудаанд. Дар ин маврид Саъдии бузург фармудаанд:

Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.

АМИТ «Ховар»: Чун фасли зебои сол- баҳор фасли орзую омол аст, ба модарони тоҷик чӣ таманно доред? 

Парвина Муллоева: Дар ин фасли зебову сабзпӯши баҳор, ки иди модарон дар оғози он таҷлил мегардад, ба занону духтарони тоҷик осмони софу беғубор, саломатӣ ва саодати зиндагиро дар ин рӯзи фархунда таманно менамоям. Бигузор чеҳраи зебову самимии Зан-Модари тоҷик ба мисли гулҳои баҳорӣ шукуфо, ҳаёташон амсоли пироҳани баҳор сабзпӯшу мунаққаш бошад ва рӯзгорашон аз нурҳои Офтоби ҷаҳоноро доимо мунаввар бошад. 

 Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2023 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд