Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани тиҷоратии Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Март 7, 2023 19:56

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2-3 март дар шаҳри Лондон бо ибтикори ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирланияи Шимолӣ, ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ Анҷумани энергетикӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар кори Анҷумани мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иштирок намуд.

Зимни баромад дар иҷлосияҳои ин Анҷумани тиҷоратӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз дастовардҳои ҳамкории мамлакат бо Бонки ҷаҳонӣ ёдовар шуда, ҷиҳати тақвияти он дар асоси иқтидору имконияти мамлакат дар соҳаҳои энергетика, тиҷорату иқтисод ва зерсохтор пешниҳодҳои мушаххас баён намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2023 19:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд