«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчунин маҳсули дасти донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос таҳти унвони «Намоиши мӯд» ифтитоҳ гардид, ки то 2 апрел идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.
Дар намоиш мусаввараҳои омӯзгорону донишчӯёни донишкада пешниҳод гардидаанд, ки дар он табиати нотакрори Ватан бо рангҳои гуногун тасвир ёфтааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳамоиш доир ба ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир шуда, дар он ба як зумра устодон ва фаъолон бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






