Ба сокинони ноҳияи Муъминобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
МУЪМИНОБОД, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолон вохӯрии судманд баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд.
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паём аз 23 декабри соли 2022 фарогири он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодааст.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои ояндаи шукуфонии Ватан талош намоем.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати комил, меҳру садоқат ба халқу Ватан, фарҳанги либоспӯшӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии нашъамандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пардохти ҳаққи неруи барқ, андоз, самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ибрози ақида карда шуд.
Баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод








Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд






