Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Созишномаҳои мазкур дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гардида, дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷўён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.
То имрӯз дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат қариб 70 созишнома ва ёддошт оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон метавонад ба ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд. Робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва байналмилалии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд.
Инчунин таъкид карда шуд, ки ин аввалин вохӯрии дастҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои ду давлати бародар буд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 30 майи соли 2022 ба роҳ монда шуд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 13 то 15 март дар доираи ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






