Бар асари омадани сел дар Туркия 15 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сел дар Туркия ба 15 нафар расид, иттилоъ дод рӯзи панҷшанбе вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
«Бар асари обхезӣ дар Адияман 2 нафар ва дар Шанлиурфа 13 нафар ба ҳалокат расид. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ барои пайдо намудани 5 нафари бедаракшуда идома доранд», — изҳор намуд ӯ дар пахши мустақими телевизиони TRT. Қаблан оид ба 14 ҳалокшуда хабар расида буд.
Аз сабаби бориши зиёд (қариб 200 мм дар як метри мураббаъ) садҳо хонаи истиқоматӣ дар музофотҳо зери об монда, пул ва қисман роҳҳо хароб шуданд. Ягона роҳи ҳаракат кардан тавассути қаиқ мебошад. Аҳолии маҳаллӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешавад. Ба корҳои наҷотбахшӣ ҷузъи артиш ва неруҳои Раёсати ҳолатҳои фавқулода ҷалб гардидааст.
Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, борон дар музофотҳои Адияман ва Шанлиурфа ду рӯз идома меёбад, аз ин рӯ, омадани селу обхезии нав аз эҳтимол дур нест.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






