Дар 5 соли охир 51 духтар аз Данғара тибқи квотаи Президентӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардид

Март 7, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 соли охир 51 духтар аз ноҳияи Данғара тибқи квотаи Президентӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардид. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин зимни ҳамоиши идона, ки ба Рўзи Модар бахшида шуд, маълумот дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон хурду бузург заҳмату фидокориҳои занону модаронро қадр мекунанд, зеро бонувон имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.

«Баландгардии мақому манзалати занону духтарони тоҷик дар баробари дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз саҳми бисёр арзишмандашон дар пешрафти ҷомеа ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон мебошад. Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми намоён гузоштанд», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ торафт бештар ҷалб мегарданд.

«Ба ҳолати аввали моҳи марти соли 2023 аз шумораи умумии 87217 нафар занон дар ноҳия 12 нафар хизматчиёни давлатӣ ва 200 нафари онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Саҳми занони фаъоли ноҳия дар тарбияи насли наврас ва ободонии диёр назаррас арзёбӣ мешавад», — иброз гардид дар ҷамъомад.

Гуфта шуд, ки занону духтарон иқдоми «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро дастгирӣ карда, бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакатю аз ҷумла дар ноҳияи Данғара низ марказҳои ҳунармандӣ ташкил менамоянд.

Беш аз 1138 нафар занону духтарони ноҳияи Данғара касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози ноҳияамон нақши арзанда мегузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки аз таъсис додани квотаҳои Президентӣ дар панҷ соли охир, яъне аз соли 2018 то соли хониши 2022 51 нафар духтарон аз Данғара бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисодии миллӣ муваффақона фаъолият доранд.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид