Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзро чун арзиши олии башарӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Чунин гуфта шуд зимни таҷлили ҷашни Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».
Таъкид карда шуд, ки 13 сол қабл, 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Тоҷикистон ватани азизи мост. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо барои ободию шукуфоии он саҳм гузорем, ҷойи зист ва кори худро ҳамеша поку зебо нигоҳ дорем, то макони кору зистамон дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад.
Инчунин дар маросими таҷлили Наврӯз собиқадорони низоми бонкӣ, намояндагони созмони ҷавонони бонк, шӯрои бонувон ва mymed.ro/old/levitra.html Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таърихи ин иди аҷдодӣ, васфи Наврӯз, Ватан, Модар ва сулҳу оромӣ сухан намуда, дар васфи баҳор ва Наврӯз шеъру тарона қироат намуданд.
Чун анъанаи нек дар доираи тантанаи ҷашни Наврӯз як гурӯҳ кормандони бонк барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди низоми бонкии мамлакат, рафтори намунавӣ ва ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқррар шудааст
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2520 сомонӣ муқррар шудааст
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд






