Дар Душанбе оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии иштироки занон дар хизмати давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Март 3, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии иштироки занон дар хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки зан яке аз иштирокчиёни асосии муносибатҳои ҷамъиятии замони муосир ба ҳисоб рафта, пешрафти аксари ҷанбаҳои ҳаёт бе иштироки онҳо ғайриимкон мебошад. Дар баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, бахусус иштироки онҳо дар хизмати давлатӣ якчанд омилҳо нақши бузург бозидаанд.

Тазаккур дода шуд, ки эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад кардани мамлакат ва пайдоиши уҳдадориҳои байналмилалии давлат дар ин самт, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тақозои замон ва пешрафти ҷомеа мебошад. Давлати нави ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун соҳибихтиёр қадам ниҳода он гоҳ субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ мешавад, ки агар аз аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ расман эътироф гардида бошад.

Баробарии занону мардон, пеш аз ҳама, дар сатҳи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, минбаъд дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуд. Ҳамзамон тибқи меъёри Конститутсия дар моддаи 27 ба хизмати давлатӣ шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд.

Соли 1998 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бо мақсади тарбияи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид.

Дар фармони мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда дастур доданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон, татбиқи воқеии волидайн дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ, ташаккули оилаи солим тадбирҳои амалӣ андешида, то 1 майи соли 2000 Барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа»-ро таҳия намояд.

Яке аз механизмҳои тарбияи духтарон ҳамчун хизматчиёни давлатии оянда- ин бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимону бепарасторон мебошад, ки имрӯз дар он ҷо зиёда аз 100 нафар духтарон иқомат, таҳсил ва барои дар оянда хизматчии давлатӣ шудан омода карда мешаванд.

Механизми дигари тарбияи кадрҳои хизмати давлатӣ- ин Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи мазкур бо дастгирии Шарикони рушд соли 1998 таъсис ёфта, мақсади асосии он ба духтарони тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохилгардида ва болаёқати мамлакат таълим додани маҳорату малакаи роҳбарӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ, ташкилотчигӣ ва ғайра мебошад.

Яъне дар баробари дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳсил намудани ин қабил духтарон ба онҳо иловатан маҳорати роҳбарӣ, ташкилотчигӣ, забондонӣ ва истифодаи компютеру дигар таҷҳизоти муосир омӯзонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд