Дар Душанбе рӯнамоии дастури библиографии «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»» доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии дастури библиографии «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»» доир карда шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар рӯнамоӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута ва воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки нақши нашрияҳо дар инъикос ва тарғиби таърих ва рӯйдодҳои ҳамарӯзаи олам муҳим аст. Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи Китобхонаи миллӣ барои гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории мавод, ҳамчунин таҳия ва нашри дастурҳои библиографии мавзӯӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14 марти соли 2000 бо Фармони Президенти мамлакат мақоми нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Дар саҳифаҳои он фаъолияти ҳамарӯзаи Президенти мамлакат инъикос гардида, ҳамзамон шарҳу тавзеҳи ҷараёни воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон низ нашр мегардад.


Гуфта шуд, ки зимни таҳлил ва коркарди маводи рӯзномаи мазкур муайян карда шуд, ки дар саҳифаҳои он шахсиятҳои гуногун муҳимтарин маълумотро оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Сарвари давлат ба хонандагон пешниҳод кардаанд. Дар китоби мазкур маводи солҳои 2019 -2021 пурра гирдоварӣ шудааст.
Зимни ҳамоиш намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди муҳимтарин паҳлуҳои китоби мазкур ибрози андеша намуданд.
Китоби мазкур барои гурӯҳи васеи истифодабарандагон, аз ҷумла олимону донишмандон, сиёсатмадорону пажӯҳишгарон, донишҷӯён, аспирантону магистрантон ва дигар хоҳишмандон ба нашр расидааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






