Дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 март дар Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат аз ҳадафҳои асосии форум маҳсуб мешавад.
Дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ҳар ду давлат, ки самти фаъолияташон ба соҳаҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ нигаронида шудааст, иштирок менамоянд.
Дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар сиғаи «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст. Инчунин дар ҳошияи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ доир хоҳад шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






