Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҷашни байналмилалии Наврӯз пуршукуҳ таҷлил карда шуд

Март 19, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 19.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият, кормандони мақомот ва олимон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми ориёинажод ба шумор рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Ва барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Март 19, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд