Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва тарбия намудани зиракии сиёсии онҳо» -таҳти чунин унвон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва наврасону ҷавонон ҳамоиш баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз, яъне экстремизму терроризм заминаи зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт, пеш аз ҳама, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин самт муассисаҳои таълимии пойтахт бо мақсади ташаккул додани мафкураи зиддитеррористию экстремистӣ пайваста бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд барномаҳои илмӣ-маърифатӣ баргузор намоянд.
Пеш аз ҳама, омӯзгоронро мебояд, ки таълиму тарбияи насли наврасро ҷоннок намуда, саҳми худро дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, зиракии сиёсӣ, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастии хонандагон гузоранд.
Таъкид карда шуд, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи гуногун дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм таҳия ва қабул шудаанд. Аз ҷумла, инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025 ва нақшаи амал оид ба амалисозии он» ва дигар санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҳукумати мамлакат мебошанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






