Дар Ҷопон соли 2022 сатҳи таваллуд ба таври бесобиқаи рекордӣ паст шуд ва аз 800 ҳазор поин рафт

Март 1, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал маълумоти ҳукуматӣ нишон дод, ки шумораи кӯдаконе, ки соли 2022 дар Ҷопон таваллуд шудаанд, ҳафт сол пайдарпай ба таври рекордӣ паст шуда, бори аввал аз замони оғози бақайдгирӣ дар соли 1899 аз 800 ҳазор камтар шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба KYODO NEWS хабар додааст.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати тандурустии ин кишвар, соли 2022 шумораи умумии кӯдакони навзод 5,1% кам шуда, 799 728 нафарро ташкил додааст. Пастшавӣ хеле бармаҳал аз он ки соли 2017 ҳукумат дар бораи соли 2033 аз 800 ҳазор поин рафтани таваллуд пешгӯӣ карда буд, ба вуқӯъ пайваст.

Коршиносон мегӯянд, тағйироти тарзи зиндагӣ, ки дар натиҷаи пандемияи тӯлонии COVID-19 ба вуҷуд омад ва тамоюли афзояндаи одамоне, ки дертар издивоҷ мекунанд ё тамоман издивоҷ намекунанд, коҳиши таваллудро бештар кардаанд.

«Омилҳои зиёди мураккаб вуҷуд доранд, аз ҷумла ноамнии молиявӣ дар байни ҷавонон ва иртиботи камтари иҷтимоӣ»,- гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ, меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ.

Пастшавии сатҳи таваллуд дар соли 2022 эҳтимол ба коҳиши шумораи издивоҷ дар соли 2020 бо сабаби паҳн шудани пандемия таъсир расонид, зеро дар бисёр ҳолатҳо кӯдаки аввал ду сол пас аз тӯй таваллуд мешавад, гуфт ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии Такуми Фудзинами.

Занон, махсусан камтар майл доранд, ки фарзанд дошта бошанд,- гуфт Фудзинами. Дар баробари муҳити иқтисодӣ ва шуғл норасоии гендерӣ, ки тарбияи кӯдакон бар дӯши занон бори вазнин мегузорад, бояд ҳал карда шавад.

Маълумоти охирин нишон дод, ки ба истиснои кӯдаконе, ки аз волидони хориҷӣ таваллуд шудаанд, шумори тахминии таваллуд тақрибан 770 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар маълумот дар бораи шаҳрвандони Ҷопон дар хориҷа ва хориҷиёне, ки дар Ҷопон зиндагӣ мекунанд, иттилоъ дода мешавад.

Маъмурияти сарвазир Фумио Кишида барои муқовимат ба коҳиши таваллуд дар мамлакат чораҳои бесобиқа ҷорӣ кардааст ва ҳукумат ният дорад то охири моҳи март нақшаеро дар бораи чӣ гуна идома додан омода кунад.

Тибқи маълумот, шумораи фавтидагон дар Ҷопон соли 2022 ба сатҳи рекордии 1 582 033 расидааст, ки нисбат ба як соли қабл 129 744 нафар зиёд аст.

Аммо соли 2022 шумораи издивоҷҳо бори аввал дар се сол афзоиш ёфт. Соли 2021, дар давраи пандемия шумораи издивоҷҳо ба сатҳи пасттарин пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ коҳиш ёфт.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад
Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид
«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад