Дар шаҳри Истаравшан Мусобиқа оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор шуд
СУҒД, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 феврал дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқа оид ба гӯштини камарбандӣ доир гардид. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Дар мусобиқа зиёда аз 440 паҳлавон аз Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон, Деваштич, Конибодом, Исфара Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Зафаробод, Душанбе ва Истаравшан иштирок намуд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан аз дастгириҳои варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, доир ба таърихи гӯштини камарбандӣ, дастовардҳои варзишгарони шаҳри Истаравшан ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан










Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






