Дар шаҳри Турсунзода оид ба пешгирии хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир шуд

Март 18, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Тарсунзода ҳавоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба пайдоиши экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш  хизматчиёни давлатӣ – шунавандагони курси азнавтайёркунии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Раиси шаҳри Турсунзода ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш барои хизматҳои бисёрсола ба чанде аз хизматчиёни давлатӣ Ифтихорномаи  Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Инчунин ба 163 хизматчии давлатӣ, ки тӯли як моҳ аз курси азнавтайёркунӣ гузаштанд, гувоҳнома супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 18, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад