Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз ёфт

Март 9, 2023 19:06

Ҷ.БАЛХӢ, 09.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои  пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба кишти баҳории зироат, аз ҷумла   пунбадона оғоз намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оғози маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Зумрад-1» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Чун анъана маъракаи кишти пунбадона дар хоҷагии мазкур бо дуои пирони рӯзгор ва деҳқонони асил оғоз карда шуд.

Хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Зумрад-1»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистон ҷойгир буда, аз соли 2010 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 24 гектарро ташкил медиҳад ва соли равон саҳмдорони хоҷагӣ азм доранд, ки дар майдони 15 гектар пунбадона кишт кунанд.

Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамасола бо меҳнати аҳлона, истифодаи оқилонаи обу замин, дастуру тавсияҳои мутахассисони соҳа аз дони киштаашон боздеҳи хуби маҳсулоти гуногун, аз ҷумла пахта ба даст меоранд.

Тибқи иттилои оморӣ, соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар майдони 9820 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Хоҷагидорони ҷамоати шаҳраки Гулистон имсол ният доранд, ки дар майдони 1550 гектар кишти беҳтарин навъи чигитро ба роҳ монанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кишти пунбадона бомаром идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Март 9, 2023 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд