Дар Тоҷикистон 38 ҳазор зан роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад

Март 7, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон наздик ба 80 ҳазор занону духтарон ба соҳибкорӣ машғул буда, 38 ҳазор нафар роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда дорад ва қариб чор ҳазор зан роҳбари корхона мебошад. Чунин таъкид шуд дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи Модар 6 март таҳти унвони «Фаъолияти босуботи соҳибкории занону ҷавонон – омили таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёт» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш намояндагони Парлумони мамлакат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва занону духтарони соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкориро дар байни занон баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ маҳз бо шарофати дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтарон дар ҷомеа баланд бардошта шуд.

Имрӯз занони тоҷик дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ дар радифи мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа ва раванди бунёдкорию созандагии мамлакат саҳми бориз мегузоранд.

Гуфта шуд, ки дар оянда барои баланд бардоштани маърифати соҳибкорзанон ва муаррифии маҳсулоти тавлидотӣ дар радифи рушди ҳукумати электронӣ дар мамлакат роҳандозии махзани иттилоотӣ мувофиқи мақсад аст.

Инчунин иштирокдорони ҳамоиш доир ба пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон бо фоизи паст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сатҳи забондонӣ ва донишҳо бобати рушди соҳибкорӣ, ташкили стартапҳо,беҳтар намудани фарҳанги пешбурди тиҷорат ва ташаккули намудҳои нави соҳибкории дорои хусусияти навоварӣ, тарғибу ташвиқи соҳибкорӣ байни ҷавондухтарон ва дигар масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар байни занон табодули назар намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид