Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах техникаи зарурӣ дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 март ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ аз ҳашароти зараровар ва роҳ надодан ба паҳншавии малах 5 мошини обкашон, 5 микроавтобус, хаймаҳои саҳроӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ тақдим гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Таҷҳизоти мазкур дар доираи лоиҳаи «Барномаи беҳсозии минтақавӣ ва миллии мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.
Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах дар мавсими соли 2022 727 адад техника ва дигар таҷҳизоти заруриро дар ҳолати корӣ омода намуда буд.
Соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ дар майдони 117 070 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд. Дар ин давра ҳолатҳои зарар расонидани малах дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






