Дар Юнон бар асари бархӯрди қатораҳо 26 нафар ҳалок шуда, 85 кас ҷароҳат бардошт

Март 1, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Юнон бар асари бархӯрди қатораҳои мусофирбар ва боркаш 26 нафар ҳалок шуда, 85 нафар ҷароҳат бардошт. Дар ин хусус намояндаи расмии хадамоти сӯхторнишонии Юнон Василис Ватракояннис хабар додааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ».

270 мусофирро аз ҷойи ҳодиса кӯчонида, тариқи автобус ба шаҳри Салоники равон карданд.

Дар ҷойи садама сӯхторнишонон дар 40 мошин кор мекунанд. Кормандони воҳидҳои махсус оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ низ ҳозир шудаанд. Кӯшишу ҳаракати онҳо асосан  ба дарёфти ҷасадҳо равона шудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст