ДАРАХТ БИНШОН! «Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд шуд

Март 13, 2023 19:27

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва ҷалби хизматчиёни ҳарбии зинаҳои гуногуни дастгоҳи марказиву Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ҳудуди пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари   ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Иштирокчиёни ҳашар бо маслиҳату машварати мутахассисони соҳа  ва риояи қоидаҳои агросаноатӣ дар ҳудуди замини хоҷагиҳои ёрирасони назди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо шинонидани дарахтони мевадиҳанда «Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бунёд намуданд.

Бояд гуфт, ки тайи панҷ соли охир дар ҳудуди пойгоҳи ин навъи қўшун ба таври  ҳашар  ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 16 гектар  «Боғи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ» ва «25-солагии Артиши миллӣ» низ бунёд карда шуд. Дар онҳо асосан дарахтони ороишӣ ва навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, гелос ва ғайра шинонида шудаанд.

Бунёди боғҳои мазкур аллакай ҳосили дилхоҳ ба бор оварда, қисмҳои низомии баландкӯҳи мамлакат дар мавсими ҷамъоварии ҳосил  бо меваҳои тару тоза ва дар фасли сармо бо меваи хушк давоми сол таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби меваҳои лазизи ҷамъоваришуда барои сарбозон афшурдаи мураббо, шарбат ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол карда мешавад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2023 19:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид