Дастаи «Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар шаҳри Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федерасияи футболи Тоҷикистон хабар медҳад.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ғолиби мусобиқа шуд. Дар финал «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» бозӣ карданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра таносубро барқарор кард. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Ҳосилот» дақиқтар буданд ва ҳисоб 3:2 ба фоидаи онҳо шуд.
Медалҳои биринҷии Ҷоми Лига насиби бозигарони дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд гардид, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Аз ҳайати «Эсхата» Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов гол заданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






