Дастархони идонаи сокинони вилояти Суғд бо одати қадимаи наврӯзӣ — «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро ёфт
СУҒД, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Суғд мисли дигар аҳолии минтақаҳои мамлакат Ҷашни байналмилалии Наврўзро бо риояи расму оинҳои аз гузаштагон меросмонда таҷлил намуда, дастархони идонаро бо одати қадимаи ниёгон — «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро доданд.
Рӯзи Наврӯз сокинони вилоят дегҳоро пур карда, суманак пухта, дар гирди он шеъру тарона хонда, рақсу шодӣ мекарданд. Дар ҷашнгоҳҳо ҳамчунин оши палав, гандумкуча, ширбиринҷ, оши туппаю бурида ва дигар навъҳои таомҳои наврўзӣ омода карда, пешниҳоди иштирокдорон менамуданд.
Яке аз сокинони вилоят иброз дошт, ки «тибқи анъанаҳои мо, дастархони идонаро дар Наврӯзро асосан бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро медиҳанд».
Бояд тазаккур дод, ки ба «Ҳафтсин» таомҳое дохил мешаванд ки бо ҳарфи «С» оғоз меёбанд: суманак, сирпиёз, санҷид, сабзӣ, сирко, себ ва сипанд.


СЕБ — меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Зеби ҳар дастурхон буда, бо хусусияти фоидабахшии худ дар дастурхони муқаддаси наврӯзӣ ҷой дода шудааст.
СУМАНАК-маъмултарин ва хушояндтарин маводи хони наврӯзист, ки ҳам дар шакли сабза ва ҳам дар сурати ғизо хонро оро медиҳад. Аз лаззати суманак баракати солро муайян мекунанд, ки ин басе рамзист.
СИПАНД— ин растании хушбӯй низ дар хони наврӯзӣ мавқеи асосиро соҳиб буда, гиёҳи доруворӣ мебошад ва барои таскини руҳ, қалб ва шифои меъда истифода мешавад. Дар аҳди қадим сипандро ба оташ меандохтанд, то бӯи хуш диҳад.
САМАК — қудсияти самак дар хони Наврӯзӣ рамзи моҳии муқаддасест, ки гӯё дунё болои он ҷой дорад. Моҳиро дар шакли бирён ва пурра болои хон мегузаранд. Афзояндаи қуввати чашму барандаи андӯҳ аст. Аз сафеда фаровон аст.
СИРКО — ин маводи мӯъҷизакор хусусияти зиёди кимиёӣ дошта, бо эъҷозҳои лаззатбахши хеш дар хони наврӯзӣ мавқеъ дорад. Дар тайёр намудани хӯришҳо низ истифода карда мешавад.
СИРПИЁЗ — бо хусусияти хушбӯӣ (тару тозааш), рафъкунанда ва гурезонандаи қувваҳои бадӣ ва дарду таб хони наврӯзиро оро медиҳад.
САНҶИД — хушбӯтарин мева, пӯсташ сурхи зардчатоб, гулаш хушбӯй, дорои алкалоид, сершаҳд ва дорои равғани эфир мебошад.
Ба «Ҳафтшин» бошад таомҳое, ки бо ҳарфи “Ш” сар мешаванд, дохил карда мешаванд: шакар, шир, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат ва ширбиринҷ.
Бояд гуфт, ки ба ғайр аз ин бо таомҳои самбӯса, манту, оши палов, оши бурида, шавла, қурутобу шакароб, тушбера ва бо шириниҳои гуногуни хӯрданибоб дастурхони идона меороянд.
Дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми баҳорӣ маъмул будааст ва ҳоло ҳам ин анъана идома дорад.
Бигзор, ин ҷашни қадимӣ ба мардуми Тоҷикистон бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек, сулҳу салоҳ, ризқу рӯзӣ ва дар кору пайкорамон комёбиҳои нав ба нав оварад.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






