Дастархони идонаи сокинони вилояти Суғд бо одати қадимаи наврӯзӣ — «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро ёфт

Март 23, 2023 16:01

СУҒД, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони  вилояти  Суғд  мисли дигар аҳолии минтақаҳои мамлакат Ҷашни байналмилалии Наврўзро бо   риояи расму оинҳои аз  гузаштагон меросмонда  таҷлил намуда, дастархони идонаро бо одати қадимаи  ниёгон —  «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро доданд.

Рӯзи Наврӯз сокинони вилоят  дегҳоро пур карда, суманак пухта, дар гирди он шеъру тарона хонда, рақсу шодӣ мекарданд. Дар ҷашнгоҳҳо ҳамчунин оши палав, гандумкуча, ширбиринҷ, оши туппаю бурида ва дигар навъҳои таомҳои наврўзӣ омода карда, пешниҳоди иштирокдорон менамуданд.

Яке аз  сокинони вилоят иброз дошт, ки «тибқи  анъанаҳои мо,  дастархони идонаро дар  Наврӯзро  асосан   бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» оро медиҳанд».

Бояд тазаккур дод, ки ба «Ҳафтсин» таомҳое дохил мешаванд ки бо ҳарфи «С» оғоз меёбанд: суманак, сирпиёз, санҷид, сабзӣ, сирко, себ ва сипанд.


СЕБ — меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Зеби ҳар дастурхон буда, бо хусусияти фоидабахшии худ дар дастурхони муқаддаси наврӯзӣ ҷой дода шудааст.

СУМАНАК-маъмултарин ва хушояндтарин маводи хони наврӯзист, ки ҳам дар шакли сабза ва ҳам дар сурати ғизо хонро оро медиҳад. Аз лаззати суманак баракати солро муайян мекунанд, ки ин басе рамзист.

СИПАНД— ин растании хушбӯй низ дар хони наврӯзӣ мавқеи асосиро соҳиб буда, гиёҳи доруворӣ мебошад ва барои таскини руҳ, қалб ва шифои меъда истифода мешавад. Дар аҳди қадим сипандро ба оташ меандохтанд, то бӯи хуш диҳад.

САМАК — қудсияти самак дар хони Наврӯзӣ рамзи моҳии муқаддасест, ки гӯё дунё болои он ҷой дорад. Моҳиро дар шакли бирён ва пурра болои хон мегузаранд. Афзояндаи қуввати чашму барандаи андӯҳ аст. Аз сафеда фаровон аст.

СИРКО — ин маводи мӯъҷизакор хусусияти зиёди кимиёӣ дошта, бо эъҷозҳои лаззатбахши хеш дар хони наврӯзӣ мавқеъ дорад. Дар тайёр намудани  хӯришҳо низ истифода карда мешавад.

СИРПИЁЗ — бо хусусияти хушбӯӣ (тару тозааш), рафъкунанда ва гурезонандаи қувваҳои бадӣ ва дарду таб хони наврӯзиро оро медиҳад.

САНҶИД — хушбӯтарин мева, пӯсташ сурхи зардчатоб, гулаш хушбӯй, дорои алкалоид, сершаҳд ва дорои равғани эфир мебошад.

Ба «Ҳафтшин» бошад таомҳое, ки бо ҳарфи “Ш” сар мешаванд, дохил карда мешаванд: шакар, шир, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат ва ширбиринҷ.

Бояд гуфт, ки ба ғайр аз ин бо таомҳои самбӯса, манту, оши палов, оши бурида, шавла, қурутобу шакароб, тушбера ва бо шириниҳои гуногуни хӯрданибоб дастурхони идона меороянд.

Дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми баҳорӣ маъмул будааст ва ҳоло ҳам ин анъана идома дорад.

Бигзор, ин ҷашни қадимӣ ба мардуми Тоҷикистон бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек, сулҳу салоҳ, ризқу рӯзӣ ва дар кору пайкорамон комёбиҳои нав ба нав оварад.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2023 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Раёсати ФБНА бо нишони сарисинагии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд
Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд