«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МАТБУОТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Ҳамзамон» доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуот» маҳфили «Ҳамзамон» баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки “матбуоти тоҷик дар таърихи 111-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ, новобаста аз сиёсати замон ҳамеша ба он содиқ буд ва имрӯз низ ҳаст”.
Дар анҷоми ҳамоиш зумрае аз роҳбарон ва намояндагони ВАО бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чанд нафар рӯзноманигор ҷиҳати ҳамкории пайваста бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Дар фарҷом роҳбарияти донишгоҳ дар робита ба рушди ҳамкорӣ, таъсиси телевизиони донишгоҳ дар пояи факултети журналистика ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






