ГӮШТИНИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ. Либоси ягонаи варзишии он чӣ гуна аст?
ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баъди мақоми байналмилалӣ гирифтани гўштини миллии тоҷикӣ «Гўштингирӣ» ба тартиби баргузории мусобиқаҳо дар ин риштаи варзиш ва қонуну қоидаҳои он навгониҳо ворид гардид. Ҳамчунин гўштини миллии тоҷикӣ соҳиби либоси ягонаи варзишӣ шуд, ки минбаъд дар мусобиқаҳо гўштингирон онро ба бар мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ».
Дар Федератсияи мазкур тазаккур доданд, ки қоидаҳои байналмилалии гӯштингирӣ қабул гардида, бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ нашр шуда, ояндаи наздик бо забони англисӣ низ интишор мешавад. Дар он тарзи кори доварон, мараббиён, вақти рақобати варзишгарон, вақти иловагӣ ва дигар масъалаҳои ба ин намуди варзиш рабт дошта, муайян гардидааст.
Либоси ягонаи гўштингирон
Гӯштингирӣ аз ҷумлаи бозиҳои дӯстдоштаи халқи тоҷик буда, таърихи қадима дорад. Гӯштини миллии мо бо вуҷуди таърихи куҳан доштанаш либоси ягона ва қоидаҳои муайян надошт. Барои интихоб намудани либоси ягона аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷалби тарроҳҳон, таърихшиносон ва фарҳангшиносони машҳури ҷумҳурӣ озмун эълон гардид. Ба озмун барои интихоб қариб 20 намунаи либос пешниҳод шуд.
Тарҳи интихобгашта яктаки рангҳои сабз ва сафед буда, гиребони он новобаста аз рангаш дорои шерози сурх мебошад. Камарбандон сурх аст. Шалворҳои гӯштингирон ранги сафед мебошад. Гӯшаҳои чап ва рости пеши либос бо Парчами миллӣ ва рамзи Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» оро дода шудаанд. Дар пушти яктак бо ҳарфҳои англисӣ «TJK» ҳамчун рамзи Тоҷикистон навишта шуда, дар зераш тоҷ ва 7 ахтар акс ёфтааст. Дар миёнбанд ва шалвор низ рамзи Федератсия дарҷ шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки либоси интихобгашта инъикосгари таърихи ниёгони мо ва рамзҳои давлатӣ мебошад. Ранги сафед рамзи музаффарияту иқболи варзишӣ ва саодату сарфарозист, ранги сабз рамзи сарсабзии миллат, оғози мавсими нави мусобиқаҳо гуфта мешавад, ки ҳамакнун ин ду ранг дар тамоми мусобиқаҳои гӯштини миллии мамлакат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ дар тани иштирокчиён ҷило хоҳад дод.

Либосҳои гӯштингирӣ дар Тоҷикистон омода мешаванд. Яктакҳоро ширкати «Amid», ки дар вилояти Суғд ҷойгир аст, истеҳсол менамояд.
Рамзи Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»
Бо ҷалби тарроҳон ва таърихшиносон рамзи (логотип) Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» таҳия шуд. Он даврашакл буда, дар гирди он IGF INTERNATIONAL GUSHTINGIRI FEDERATION навишта шудааст. Дар дохили он рангҳои кабуд, зард, сиёҳ, сурх ва сабз дар шакли доира тасвира гаштаанд, ки рамзи қитъаҳои олам мебошанд.
Дар рамз тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки аз таърихи куҳан доштани тоҷикон шаҳодат медиҳад. Дар маркази «Дирафши Ковиён» шери болдор ҳамчун рамзи қудрат ва нерумандӣ дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст. Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар пасманзари он глобус нақш ёфтааст. Яъне, рамзи Федератсияи байналмилалии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» хусусияти сирф миллӣ дорад.
Хотирасон мешавем, ки гӯштингирӣ миёни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Ҳамасола дар Тоҷикистон 22 март – Рӯзи гӯштигирон таҷлил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин дараҷа дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
АКС: ТВ Варзиш








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт






