Хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Турсунзода Иди Наврӯзро бо руҳияи баланди миллӣ таҷлил намуданд

Март 19, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 19.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 март бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзии хизматчиёни давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Зиёда аз 100 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳуриро дар даромадгоҳи ин шаҳри зебоманзар роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва мардуми шарифу меҳмоннавози он бо карнаю сурнай ва рамзи Наврӯзи фаррухпай самимона пешвоз гирифтанд.

Иштирокчиён аз гӯшаҳои ҳунармандӣ, хони наврӯзӣ ва Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад