Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик намоиши китобҳои тозанашр ва ҳамоиш доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 рӯзи 11 март қайд карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.
Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».
Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






