Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуд

Март 22, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар мамлакат  тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дошта, 22 марти  соли равон  дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба расму оин ва  анъанаҳои  наврузӣ ҳамоиши  фарҳангӣ –фароғатӣ баргузор карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». 

Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти Кумита, собиқадорон, фаъолзанони мамлакат, тарбиятгирандагони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», ҳофизон ва меҳмонон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҳамоиши идона аслан аз суманакпазӣ, ки рамзи Наврӯз аст, оғоз гардида, сипас меҳмонон аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашни Наврӯз мақоми байналилалӣ гирифт ва ҳамасола ин ҷашни аҷдодиро дар аксари давлатҳои ҷаҳон  бо шукӯҳу шаҳомат  пешвоз мегиранд.


Иброз гардид, ки ҷаҳонӣ гардидани Наврўз мусоидат намуд, ки  анъанаҳои миллии фаромўшгаштаи мо аз нав  эҳё гардида, мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва покию зебоӣ дар фазои соҳибистиқлоливу ваҳдат бо шукргузорӣ аз Ватани обод таҷлил менамоем.

Дар ҷамъомад ҳамзамон сарояндаҳо ва шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо суруду шеъру таронаҳои ҷаззобу дилнишини табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид