ЛИМӮПАРВАРӢ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Соли сипаригардида дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид

Март 10, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон майдони умумии лимӯ зиёда аз 393 гектарро ташкил дода, соли 2022 7664 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид. Ҳоло дар бозорҳои шаҳри Душанбе як килограмм лимў бо нархи аз 5 то 8 сомонӣ, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи он аз 4 то 6 сомонӣ ба фурўш гузошта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Бояд ёдовар шуд, ки беш аз 50 фоизи лимӯи истеҳсоли Тоҷикистон ба Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот карда мешавад.

Лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад.

Дар оянда бо истифода аз имконот ва иқтидори мавҷудаи аграрии ҷумҳурӣ зиёд намудани парвариши он ҳам ба манфиати лимӯпарварон ва ҳам барои баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Тавре дар суҳбат бо мо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов иброз намуд, «дуруст ба роҳ мондани лимӯпарварӣ имкон медиҳад, ки на фақат талаботи аҳолӣ ба ин меваи серғизо таъмин гардад, балки он ҳамчун зироати серталаб ба хориҷи мамлакат низ содир карда шавад. Дар ин самт лимӯпарварӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил ёбад».

Тибқи иттилои масъулин, солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон то се ҳазор тонна лимӯ истеҳсол карда мешуд. Аз ҳисоби дуруст ба роҳ мондани агротехника ва баланд бардоштани маҳсулнокии дарахтони лимӯ истеҳсоли он се маротиба афзудааст.

Сайдалӣ Гулов илова кард, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани заминҳо барои парвариши лимӯ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан барои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ёвон заминҳои доманакӯҳ зиёд буда, барои рушди соҳаи лимӯпарварӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

Дар асоси Барномаи нави Рушди соҳаи боғпарварӣ дар Тоҷикистон боғҳои нав бунёд карда мешаванд, ки дар ин замина ташкили гармхонаҳои ситрусӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин Барнома барои парвариши лимӯ низ майдонҳо васеъ карда мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисон, лимӯ растании ба хунукии сахт тобовор нест. Дар шароити Тоҷикистон парвариши лимӯ асосан бо ду тарз: дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Онҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва тарзи истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо дар он аст, ки аз ҳисоби гармии замин зимистонгузаронии лимӯ таъмин карда мешавад.

Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд.

Олимони тоҷик тарзи парвариши лимӯро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ бояд дарахти он 3500 то 4000 дараҷа гармиро ба худ қабул намояд.

Ёдовар мешавем, ки 12 декабри соли 2022 дар шаҳри Бохтар бори аввал Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор гардид. Фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи шартномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия доир гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Губернатори вилояти Омски Федератсияи Русия иштирок доштанд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Губернатори вилояти Омски Федератсияи Русия ва ҳамроҳонаш ба маҳсулоти кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба сифати лимӯи тоҷикӣ баҳои баланд доданд. Инчунин дар хусуси харидорӣ ва доштани ниёз ба чунин маҳсулот дар Русия ибрози андеша карданд.

Ба Тоҷикистон лимӯро бори аввал дар солҳои 1934-1936 аз шаҳрҳои Сухумӣ ва Батумии Қафқоз олими гурҷӣ Калибзев оварда, дар минтақаи Ҳисор /Боғи миллӣ/ ва водии Вахш санҷида, парвариш намудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид