МАҶАЛЛАИ «ФИРӮЗА». Таҷассумгари розу ниёз ва орзуву ормонҳои занони тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Фирӯза» дар инъикоси фаъолияти босамар ва ибратбахши занону духтарони мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ нақши назаррас мегузорад. Дар ин муддат дар маҷалла садҳо бонувони суханвар тарбия ёфтаанд. Аз ҷумла, журналистон — Музаффара Рустамова, Ф. Алиева, шоираҳои шинохта — Гулчеҳра Сулаймонӣ, Гулрухсор Сафиева, Зулфия Атоӣ, Ҳадиса Қурбонова, Мавҷуда Ҳакимова, олимон -академик Хуршеда Отахонова, Лола Сулаймонӣ ва садҳо нафари дигар зимни кор дар ин маҷалла таҷрибаи корӣ омўхтаву ба камоли эҷодӣ расидаанд. Чунин иброз дошт сармуҳаррири маҷаллаи «Фирӯза» Мавҷудаи Саид дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик.
Мавсуф дар идомаи суҳбат иброз намуд, ки ««Фирӯза» нахустин маҷаллаи тоҷикист, ки махсус барои занон таъсис ёфта, дар таърихи фарҳангу маънавиёт ва матбуоти тоҷик нақши муҳим бозидааст. Аввалин маротиба 1 майи соли 1932 шумораи нахустини маҷалла барои занони коргару деҳқон бо теъдоди 4000 нусха бо хати лотинӣ нашр шудааст. Ин маҷалла дар тӯли солҳои мавҷудият, аз ҷумла ба «Занони Тоҷикистон» табдили ном кардааст».
«Дар он солҳои нахустини таъсис маҷалла бештар матолибе нашр мекард, ки барои занон ба сифати роҳнамо хизмат кунад. Соли 1951 маҷалла бо номи «Занони Тоҷикистон» ба табъ расид, ки Саида Холиқова муҳаррири маҷалла буд. Сипас Хайринисо Муҳиддинова ва Мавҷуда Ҳакимова онро роҳбарӣ намуданд. Дар ин давра маҷалла ба яке аз минбарҳои муҳимтарини розу ниёзи бонувон табдил ёфт. Дар ҳар шумораи маҷалла аз ҳаёти занони касбу кори гуногун матолиби хонданӣ ба нашр мерасид. Бонувони эҷодкор тариқи «Занони Тоҷикистон» ба ҷомеа муаррифӣ мешуданд»,- ёдовар шуд Мавҷудаи Саид.
Ба иттилои ў, аз оғози солҳои навадуми асри гузашта маҷалла бо ибтикори сардабири он шоира Мавҷуда Ҳакимова номи «Фирӯза»-ро гирифт. Имрӯз Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Фирӯза» нашрияи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, бештар аз ҳаёт ва фаъолияти бонувон матлабҳо чоп мекунад.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат имконият фароҳам омад, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла барои бонувон ба табъ расанд, вале бо мурури замон бархе аз фаъолият бозмонда ва бархе то ҳол нашр мешаванд. Вале дар ин радиф мақоми «Фирӯза» ҳамоно чун модари матбуоти тоҷик барои занони Тоҷикистон баланд аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






