МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ДАР БАДАХШОН. Дар Шуғнон ва Ишкошим автобусҳои нав ба роҳ мебароянд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Шуғнон 3 автобуси нав туҳфа карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Автобусҳои нав дар хатсайрҳои Навобод – Хоруғ, Дарморахт – Хоруғ ва Поршинев – Хоруғ ҳаракат менамоянд.
Автобусҳои мусофиркашони нав дорои 30 ҷойи нишаст ва ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо чор камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Ҳамзамон дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон дар доираи ин кумак се автобуси мусофиркашон, як мошини ёрии таъҷилӣ, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ба бахши фарҳанги ноҳия ва мошинаҳои дӯзандагӣ ба ноҳияи Ишкошим дастрас карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашон фиристода шуд.
Дар марҳилаи нави рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи Президенти мамлакат иборат аз 26 автобуси мусофирбари замонавӣ ва ду мошини ёрии таъҷилӣ ба шаҳри Хоруғ расид.
Маҳз бо ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид ва дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ободкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки аз автобусҳои тақдимнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 адад ба шаҳри Хоруғ ва 3-ададӣ ба ноҳияҳои вилоят дода шуд.
Ҳамзамон туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси аҳли фарҳанги вилоят гардид.
Бояд гуфт, ки солҳои зиёд кормандони соҳаи фарҳанги вилоят аз надоштани дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз бо мушкилиҳои зиёди соҳавӣ рӯ ба рӯ буданд.
Дастгоҳи тақвияти овоз дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба аҳли фарҳанги вилоят супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шуғнон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






