МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли нодуруст ва барзиёди хӯрок сабаби бемории бадҳазмӣ мегардад

Март 26, 2023 15:37

ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз роҳҳои асосии солим нигоҳ доштани бадан ин истеъмоли дурусти ғизо мебошад. Дар натиҷаи аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо  кори меъда вайрон гашта, инсон  ба бемории бадҳазмӣ дучор мешавад. Дар натиҷа чунин одамон  мубталои бемории дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) мегарданд. Чунин маслиҳат медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.

Ба гуфти мавсуф, дар ҳолати холӣ будани меъдаи инсон бояд ба таври мӯътадил об нӯшад: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор дар меъдаи холӣ тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи сабз ба ҳисоб меравад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст.

Аз меъёр зиёд  хӯрдан бисёр вақт сабаби бемории фарбеҳӣ мешавад. Фарбеҳӣ инсонро ба бемориҳои дил, фишори хун, санги гурда, диабети қанд ва камҳаракатӣ мубтало месозад.

Кадом хӯрокро чӣ гуна бояд хӯрд?

Ба тавсияи доктори илҳои тиб, беҳтар он аст, ки хӯроки равғанину гӯштӣ бо сабзавот истеъмол карда шавад. Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа бояд тоқат намуд. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад.

Агар диққат дода бошед, дар ошхонаҳои истироҳатгоҳҳо истаконҳои компот ё чой мегузоранд, то ки мизоҷон аввал ташнагиро шикаста, баъдан хӯрок истеъмол намояд. Дарҳол баъди хӯроки гарм ғизои сард хӯрдан мумкин нест, дар акси ҳол кашиши рӯдаҳо ва ҳал нашудани хӯрок рух медиҳад.

Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лиму ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол бояд овард. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта кард.

Чӣ бояд бештар истеъмол намуд?

Ҷаҳон Азонов  тавсия медиҳад, ки сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст.

Дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро   нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот  ва маҳсулоти шириву донагӣ иммунитети одамро баланд намуда, аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад.

Дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият намуда, дар онҳо бештар  хӯрокҳои  бирёну серравған  тайёр карда мешаванд, ки аз он  бештар ҷавонону кӯдакон истеъмол мекунанд. Ба зикри мутахассис,  истеъмоли хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба саломатии инсон хатарнок буда, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмин  мусоидат менамояд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Он сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегардад. Инчунин истеъмоли нодуруст ва барзиёди хӯрок тамоюли фарбеҳшавӣ дар пай дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 26, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»