«МАТБУОТИ МИЛЛӢ-ТАРҒИБГАРИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти миллӣ-тарғибгари арзишҳои истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-омавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиши мазкур муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорону озӯзгорони факултетҳои журналистика иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки матбуот дар воқеъ яке аз рукнҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Он агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими асолати миллӣ, пояи давлатдорӣ, худшиносии ҷомеа ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мебозад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи матбуоти тоҷик шуруъ аз соли 1994 ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.
Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».
Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.
Дар анҷоми ҳамоиш барои ҳамкории судманд ба як зумра роҳбарони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ «Ифтихорнома» тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






