Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаи хеле нодири осмонӣ – мавҷудияти якбораи якчанд сайёра дар осмон аст, ки онҳоро бо чашм дидан мумкин аст ва ин ҳолатро метавон дар моҳи март мушоҳида кард», —изҳор дошт ба РИА«Новости» дар Рӯзи байналмилалии планетарийҳо (бино ё майдони махсусе, ки дар он ҷо ҳаракати сайёраҳоро дидан мумкин аст) директори илмии планетарияи Москва Фаина Рублёва. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар баробари ин директори илмии планетария мушаххас намуд, ки падидаи махсусан ҷолиб – наздикшавии сайёраи Зуҳра (Венера), Моҳ ва Муштарӣ (Юпитер)- буд, замоне ки дар осмон якчанд тӯбҳои дурахшонро мушоҳида кардан мумкин буд ва ин ҳодиса аллакай дар аввали моҳи март шуда гузашт.
Ӯ боз як ҳодисаи муҳими астрономӣ — 21 март баробар шудани шабу рӯзро тавсиф кард, ки Офтоб аз хатти экватори осмонӣ убур карда, аз нимкураи ҷанубӣ ба шимол ҳаракат мекунад. Он лаҳза дар он қисмати сайёра, ки Русия дар он воқеъ аст, баҳори астрономӣ фаро мерасад.
Каме дертар, аллакай дар моҳи апрел, гирифти гибридии Офтоб ба вуқуъ мепайвандад, ки марҳилаҳои гирифташавии ҳалқавӣ ва пурраро пайваст менамояд. Гирифти Офтобро аз Австралия ва Индонезия мушоҳида кардан мумкин аст.
5 май гирифта шудани Моҳ ба таври нимпурра ба амал меояд, ки он аз қаламрави Федератсияи Русия қисман мушоҳида карда мешавад. Илова бар ин, моҳи апрел борони шиҳобии Лирид фаъол хоҳад шуд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






