Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ба пешгирии ифротгароӣ ва рушди тафаккури миллӣ нигаронида шудааст

Март 18, 2023 13:46

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти навбатии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Ванҷ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ин вилоят хабар доданд.

Тавре гуфта шуд, ҳадафи асосии вохӯрӣ ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян ва рафъ кардани сабабу шароити ба шомилшавии ҷавонони ноҳия ба ифротгароӣ мусоидаткунанда нигаронида шуд.

Таъкид гардид, ки  вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва барои пойдории сулҳу суботи мамлакати азизамон аз худ ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон диҳем.

Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ ҳамзамон дар хусуси нақшаи даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, омӯхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароити таъминотии муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ сухан гуфта шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон баён доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастҷамъона талош меварзанд.

АКС аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 18, 2023 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд