Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Март 13, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамоварда шинос гардида, барои баланд бардоштани савияи донишу корбарии дуруст бо хонандагон ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад. Дар ин баробар дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ дар синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Ба хотири соҳибҳунар намудани таълимгирандагон дар дохили бинои нав 3 синфхонаи алоҳидаи омӯзиши касбу ҳунар барои писарон ва духтарон ташкил гардида, дар ин ҷо онҳо малакаи кандакорӣ, дӯхти сару либос ва омодакунии ҳар гуна таъомро аз бар менамоянд. Ҳамчунин бинои нав дорои ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ бо тамоми дастгоҳҳои зарурии корӣ мебошад.

Бинои нав ҳамчунин дорои ошхона бо 216 ҷой буда, толори маҷлисии он низ бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд гардидааст. Ин толор дорои 330 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш дар Литсей толори алоҳидаи варзишӣ бунёд ёфта, он барои навъҳои гуногуни варзиш, ҳамсони волейболу баскетбол ва футбол пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар назди бино ду майдони алоҳидаи дигари футболу волейбол ташкил гардидааст, ки барои гузаронидани тамринҳои гуногун мусоид мебошад.

Бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бунёд гардида, ин иқдоми соҳибкор мушкилоти муассисаро дар самти фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ пурра ҳал намуд.

Бунёди бинои нави Литсейи равияи таббиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб гардида, ба ин васила дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Роҳбарият ва омӯзгорони Литсей вазифадор шуданд, ки шароити мазкурро хубу ҳамаҷониба истифода бурда, барои соҳибилм намудани кӯдакону наврасон садоқатмандона фаъолият намоянд.
Ба истифода додани бинои Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ дар шаҳри Душанбе 13.03.2023

Март 13, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд