Президенти нави Ветнам Во Ван Тхионг интихоб шуд

Март 2, 2023 17:23

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси миллии (парламенти) Ветнам номзадии узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Во Ван Тхионгро ба вазифаи президенти мамлакат баррасӣ намуд ва маъқул донист. Дар ин хусус 2 март дар сомонаи интернетии ҳукумати Ветнам хабар дода шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

Баъд аз тасдиқ шудан ба вазифа президенти нави Ветнам дар назди вакилони парлумон савганд ёд кард.

Қаблан, 18 январ сарвазири Ветнам Во Тхи Ан Суан иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти мамлакат таъйин шуда буд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2023 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид