РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. 11 март бахшида ба ин сана дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад. Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералӣ.
Мавсуф иброз намуд, ки Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
«Дар айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд (Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон). Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад»,- тазаккур дод Раҳмоналӣ Шералӣ.
Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид






