Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Март 2, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар назар аст.

Ҳамзамон Михаил Мишустин аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда, дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия иштирок менамояд.

3 март дар шаҳри Душанбе музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд