РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Кувайт нишасти хабарӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор карда шуд

Март 10, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 март Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Кувайт ва намояндаи доимии Котиби генералии СММ дар кишвари иқомат оид ба раванди омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нишасти хабарӣ баргузор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни cуханронӣ роҳбари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар дода, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» шинос намуд.

Сафири Подшоҳии Нидерланд низ оид ба ҳамраисии кишвараш бо Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ин самт, инчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакат роҷеъ ба масъалаҳои об изҳори қадрдонӣ намуд.

Намояндаи СММ дар Давлати Кувайт дар навбати худ оид ба аҳаммияти Конфронси об ва ғояҳои он суханронӣ намуда, ба ҳамраисии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодагӣ ба Конфронси мазкур баҳои баланд дод.

Брифинг бо ҳузури доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Давлати Кувайт баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд