РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба бозори дохилӣ мувофиқ кардани сифати маҳсулот аз тарафи олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта, чормағз, хуч, бодом ва дигар намуди меваҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, зиёда аз 8 намуди писта ва чормағз дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат, Варзоб ва як намуди камхори сервитамини хуч дар ҷумҳурӣ парвариш ва масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбате, ки ба Рўзи байналмилалии ҷангал бахшида шуд, иттилоъ доданд.
21 март дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҷангалҳо эътироф гардидааст. Он бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2012 таъсис дода шуда, ҳадафаш ҳифзи ҷангалзор аз нестшавӣ мебошад.
Ба иттилои сомонаи Созмони Милали Муттаҳид, мавзуи Рӯзи байналмилалии ҷангал дар соли 2023 «Ҷангал ва саломатӣ» мебошад. Дар ин маврид бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри васеъ намудани масоҳати ҷангал тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, 31 марти соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 15 бобу 60 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дар бар мегирад.
Аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои бунёду барқароркунии ҷангал бо роҳи шинонидани ниҳолҳо соли сипаригардида дар майдони 1290,4 гектар дарахту буттаҳои мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, бодом, себ ва олуча дар майдони 358,4 гектар, чормағз- 125,9 гектар, писта- 106,4 гектар, хуч- 168,9 гектар, дарахти сояафкан- 132,5 гектар, сафедор- 44 гектар, ҳамешасабз- 12,3 гектар ва дигар намуди дарахтони омехта дар 342 гектар шинонида шуд. Бо роҳи кишти тухмӣ дар майдони 449,5 гектар, аз ҷумла писта- 237,5 гектар, бодоми талхдона- 78 гектар, саксаул- 95 гектар ва дигар намуди тухмиҳои омехта дар майдони 39 гектар шинонида шуд.
Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати сифатнокӣ ба талаботи бозор мувофиқ набошад ҳам, аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Агентии хоҷагии ҷангал усули нави идоракунии муштараки ҷангал ва аҳолиро кор карда баромад, ки тибқи он, дар идоракунии ҷангал аҳолӣ низ иштирок мекунад. Ба ин васила ҳам ҳифзу нигаҳдории ҷангалҳо пурзӯр ва ҳам ҳосили зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ карда мешавад.
Гуфта шуд, ки 70 фоизи аҳолӣ дар деҳаҳо зиндагонӣ мекунанд, яъне дар наздикӣ ва ё дар дохили ҷангалҳо ва беҳбуди зиндагиашон ба ҷангал ва ё маҳсулоти ҷангал вобастагӣ дорад. Қариб 30 фоизи ҷангалҳоро дарахтону буттаҳои мевадор ташкил медиҳанд, инчунин қариб 200 намуди гиёҳҳои шифобахш, хӯрданибоб ва техникӣ дар ҷангалҳо мерӯянд. Ин нишонаи он аст, ки ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Хоҷагиҳои давлатии ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд, ки аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам хоҷагиҳои давлатии ҷангал фоида мебинанд.
Дар системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани корҳои ниҳолпарварӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва 42 ниҳолхонаи хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамояд.
Тибқи маълумоти баҳисобгирии ниҳолҳо, дар Корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангали системаи Агентӣ соли 2022 парвариши зиёда аз 42 намуди ниҳоли дарахту буттаҳо ба миқдори умумии зиёда аз 2 миллиону 283 ҳазор бех ба роҳ монда шуд.
Сол аз сол зиёд намудани ниҳолҳои худӣ- ин тақозои замон буда, ба васеъ намудани майдони ҷангалзори навбунёд ва барқароркунии ҷангалҳои таназзулёфта мусоидат менамояд. Дар баробари ин ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, сояафкан, ороишӣ ва нодир яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, ки раванди босуръати корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободу сарсабз гардонидани мамлакатамон дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бори дигар инро собит менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






