Шумораи бедаракшудагон дар Эквадор бар асари ярч ба 71 нафар расид
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи афроди бедаракшуда баъд аз фаромадани ярч дар шаҳри Алауси қисмати марказии Эквадор ба 71 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 28 март идораи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат хабар додааст. Қаблан дар бораи 64 бедарак ва 7 ҳалокшуда иттилоъ расида буд.
«8 нафар ҳалок, 30 нафар маҷруҳ ва 71 нафар бедарак шудааст», — омадааст дар охирин ҳисоботе, ки дар саҳифаи идора дар Twitter нашр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 32 нафар наҷот дода шуд. Дар ҷойи ҳодиса тоза кардани харобаҳо идома дорад.
Ярч шаби 27 март биноҳои истиқоматиро пахш кард. Дар маҷмӯъ 500 нафар дар минтақаи офати табиӣ қарор дошт. Мувофиқи арзёбии Салиби Сурх, 163 хонаи истиқоматӣ осеб дида ё хароб шудааст.
Моҳи феврал идораи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ҳушдор дода буд, ки дар минтақаи Алауси хавфи кӯчидан ва ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ мавҷуд аст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






