Соҳибкорон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Русия аз вилояти Хатлон дидан намуданд

Март 2, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 март гурӯҳи кории соҳибкорон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо имконоти саноатии вилоят шинос гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Зимни боздид меҳмонон бо фаъолияти калонтарин корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар Осиёи Миёна «Мармарӣ» шинос шуданд.

Дар айни замон дар ин корхона ҳаҷми тавлиди гӯшти мурғ дар як сол 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳар сол ин рақамро ду баробар афзоиш дода, ба 24 ҳазор тонна расонад.

Корхона дар баробари истеҳсоли мурғ чорвои калони шохдор низ парвариш мекунад, ки имрӯз саршумори онҳо беш аз 1200 сарро ташкил медиҳад.

Инчунин меҳмонон аз калонтарин истеҳсолкунандаи ашёи хоми нассоҷии Тоҷикистон — «Ҷунтай Данғара Син-силу Текстил» низ дидан намуданд. Ин ҷамъияти саҳомии пӯшида ба истеҳсол ва фурӯши ришта, матоъҳои трикотажӣ, бофандагӣ ва ҳамзамон либосҳои гуногун машғул аст. Аксари молҳо ба Русия, Туркия, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Чин ва Покистон содир карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Ҷунтай Данғара Син-Силу Текстил» соҳиби 15 ҳазор гектар майдони пахта буда, корхона бо таҷҳизоти пешрафтаи Чин, Олмон ва Швейтсария муҷаҳҳаз гардидааст.

Зимни сафар соҳибкорони рус аз хоҷагии деҳқоние, ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз карда, дар парвариши лимӯ, писта, помидору бодиринг аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, дидан намуданд. Хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳои гармидиҳии иловагӣ асос ёфта, дар он системаи обёрии қатравӣ ҷорӣ карда шудааст.

Дар ҷараёни сафар ҳамоиш доир гардид, ки зимни он ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Март 2, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд