Соли 2022 табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия қариб 2 миллиард долларро ташкил дод

Март 2, 2023 14:25

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон  Русия дар зинаи аввал қарор дошта, тайи соли сипаригардида табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки дар таърихи муносибатҳои иқтисодии  ду давлат дастоварди бузург мебошад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси нуҳум оид ба  ҳамкории байниминтақавиии Тоҷикистон ва Русия доир ба  тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат  оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории конфронс иттилоъ дод, ки дар он намояндагони беш аз 800 корхонаю ширкатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти минтақавӣ, доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия  иштирок доранд.

Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ гуфт, ки «вазоратҳои рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва  Русия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронс мебошанд. Тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Русия, пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ ва шарикони тиҷоратӣ аз ҳадафҳои асосии конфронс арзёбӣ мегардад».

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати иштирок дар конфронс роҳбарону намояндагони 400 корхонаю  ширкати тавлидотии Русия, ки фаъолияташон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, назири  саноат, нассоҷӣ,  мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, сохтмон, IT технология, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, кимиё, хизматрасониҳои молиявӣ,  сайёҳӣ ва дигар  самтҳо нигаронида шудаанд, ба Тоҷикистон омада, дар конфронс  иштирок намуданд.

Конфронси нуҳум оид ба  ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия доир ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ корашро дар 7 панел: таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи саноат, энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, маориф, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ ва  касбӣ, сайёҳӣ ва таҳкими  ҳамкорӣ байни мақомоти шаҳри Душанбе ва шаҳри Маскав идома дод. Дар ҷараёни ҷаласаҳо иштирокдорони он масъалаҳои  марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҷалби сармоя, рушди тиҷорат, истифодаи самарабахши иқтидору имконияти мавҷударо баррасӣ намуда,  пешниҳодҳои мушаххасро  оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва таъсиси  корхонаҳои муштаракро ба миён  гузоштанд.

Таъкид шуд, ки Русия яке аз шарикони на танҳо стратегӣ, балки иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистон буда, алҳол дар Тоҷикистон 150 корхонаи  муштарак, бухусус дар соҳаҳои  саноат, телекоммуникатсия ва ғайра  бо ҷалби сармояи русӣ фаъолият менамоянд. Табодули мол байни ду давлат соли 2022, ки қариб 2 миллиард долларро ташкил дод, баландтарин нишондиҳанда буда, бозгӯи таҳкими беш аз пеши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия мебошад.

Тибқи омори гумрукӣ, содироти мол аз Тоҷикистон ба Русия  соли гузашта 15,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми  умумии воридоти асосии  мол ба Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 30 фоиз ба Русия рост меояд.  Инчунин дар соҳаи саноат яке аз ширкатҳои бузургу бонуфузи соҳаи саноати сабуки Русия  «БТК групп» дар Тоҷикистон  сармоягузорӣ намудааст. Ин корхона тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо истифода аз ашёи хоми Тоҷикистон  ҳаҷми истеҳсолро афзоиш диҳад.

Гуфта шуд, ки дар самти тавсеаи ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии ду давлат,  хусусан дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ иқтидору имконияти зиёд мавҷуд аст, ки то ҳанӯз истифода нашудаанд. Дар ҷараёни баргузории конфронс имконоту иқтидори сармоягузории Тоҷикистон ва низоми қонунгузории мамлакат дар бахши ҷалби сармоя ва рушди тиҷорат ба доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Русия муаррифӣ гардид. Инчунин доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Русия  дар сиғаи  «соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) ва «соҳибкор бо намояндаи давлат» (В2G) мулоқот анҷом дода, масъалаҳои марбут ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Дар доираи баргузории  конфронси нуҳум оид ба  ҳамкории байниминтақавиии Тоҷикистон ва Русия дар масъалаи  тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни  вазорату идораҳо ва корхонаҳои саноатию  ширкатҳои  Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои саноат, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ созишномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қисмати расмии конфронси нуҳум оид ба  ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия доир  ба  тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе  бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин баргузор мешавад.

Дар он маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид