Тӯфони марговари «Фредди» якбора чанд рекорд нишон дод

Март 28, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқон тахмин кардаанд, ки он метавонад пурқувваттарин ва тӯлонитарин тӯфон дар таърихи мушоҳидаҳо гардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

«Тӯфони фавқулиқтидори «Фредди» аввалин маротиба 6 феврал пас аз ташаккулёбии худ дар соҳили шимолии Австралия номгузорӣ гардид. Аз он вақт инҷониб он зиёда аз 8000 километрро тай карда, тамоми уқёнуси Ҳиндро убур намуд ва се маротиба ба замин бархӯрдааст», менависад Space.

Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи ҷаҳонии метеорологӣ (WMA), қувваи тӯфони «Фредди» ниҳоят ба тамом шудан оғоз кард, ҳоло ба назар мерасад, ки он ором мешавад.

Муҳаққиқон иброз медоранд, ки бар асари тӯфони «Фредди» на кам аз 148 нафар ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар бедарак шудааст. Бо вуҷуди ин, Раёсати ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) бар ин назар аст, ки шумораи ҳалокшудагон эҳтимол афзоиш ёбад.

Дар айни замон тӯфон ба баҳр баргаштааст ва муҳаққиқон интизоранд, ки ояндаи наздик он хомӯш хоҳад шуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ 

Март 28, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ